Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Тамдиди қарантин дар Ӯзбекистон бо иловаи чанд имтиёз барои шаҳрвандон

© Информационная служба ГУБДД МВД РУзКарантин в Узбекистане
Карантин в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки чораҳои қарантиниро барои коронавирус дароз кунанд, аммо дар кишвар як қатор имтиёзҳо ҷорӣ карда шуданд

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Дар Ӯзбекистон то 1 - уми июн дар робита ба паҳншавии вируси COVID-19 реҷаи қарантин тамдид мешавад, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати ин кишвар.

Жители Узбекистана в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Омори хушоянд аз коронавирус дар Ӯзбекистон: боқӣ мондани танҳо як мариз дар Фарғона

"Дар Ӯзбекистон чораҳои маҳдудкунанда (қарантин) ва инчунин тартиби мукаммали мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус то 1 - уми июн дароз карда шуд", - омадааст дар хабари ситод.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон боз рӯ ба афзоиш ниҳод

Бо вуҷуди ин, барои шаҳрвандон баъзе имтиёзҳо ҷорӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, аз 15 май кори боғҳои фароғатӣ, осорхонаҳо ва майдонҳои варзишӣ дубора аз сар гирифта мешавад.

Зимнан, сар аз 18 - уми май Ӯзбекистон робитаҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳанро дар дохили кишвар қисман барқарор мекунад.

Тибқи иттилои ситод, парвозҳо байни Тошканд ва Нукус, Ургенч дар шимолу ғарби кишвар ва инчунин дар ҷануб Термиз, ҳаракати қатораи баландсуръати "Афросиёб" ба Самарқанд, Навоӣ, Бухоро, Қаршӣ ва қатораҳо ба водии Фарғона дубора барқарор карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Ӯзбекистон ба ҳолати то 15 - уми май 2652 дардманди коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0