ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ҷаҳон то имрӯз 1 711 258 нафар аз маризии сироятии коронавирус шифо ёфта ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд.
Ба ҳамин минвол шабонарӯзи гузашта 96 334 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар сартосари ҷаҳон ба қайд гирифта шуд, ки теъдоди умумии маризон ба 4 539 402 нафар расид.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико (1 457 593 нафар), Испания (272 646), Русия (262 843), Британияи Кабир (233 151), Италия (223 096), Бразилия (203 165), Фаронса (178 870), Олмон (174 975), Туркия (144 749) ва Эрон (114 533) дохил мешаванд.
Телефони боварӣ ба гирифторони коронавирус чӣ кӯмак карда метавонад?
Аз ҳама бештар беморон дар Амрико (318 027 нафар), Испания (186 480), Олмон (151 700), Италия (115 288), Туркия (104 030), Эрон (90 539), Бразилия (79 479), Чин (78 209), Франсия (59 605) ва Русия (58 226) шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Амрико (86 912 нафар), Британияи Кабир (33 614), Италия (31 368), Фаронса (27 425), Испания (27 321), Бразилия (13 999), Белгия (8 903), Олмон (7 928), Эрон (6 854) ва Нидерланд (5 590) шомил мебошанд.