https://sputnik.tj/20200514/Rahmon-telefon-az-raisoni-baze-az-nohiyaho-vazi-pahnshavii-virusi-kornaro-purson-shud--1031235272.html
Раҳмон телефонӣ аз раисони шаҳру навоҳӣ вазъи паҳншавии вируси коронаро пурсон шуд
Раҳмон телефонӣ аз раисони шаҳру навоҳӣ вазъи паҳншавии вируси коронаро пурсон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро доир ба... 14.05.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-05-14T11:20+0500
2020-05-14T11:20+0500
2021-08-10T16:56+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон телефонӣ аз раисони шаҳру навоҳӣ вазъи паҳншавии вируси коронаро пурсон шуд
11:20 14.05.2020 (Навсозишуда: 16:56 10.08.2021) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро доир ба рафти корҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID — 19 шунид
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба хотири мақсаднок ва суроғавӣ расондани кӯмакҳои расида, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон миннатдории худро ба ҳамаи табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо ин беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори миннатдорӣ намуд.
“Ҳаёти ҳар як бемор аз сатҳи баланди касбӣ ва маҳорату таҷрибаи духтурон сахт вобастагӣ дорад”, иброз доштаст Раҳмон.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикргардида дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо COVID — 19 пешгирӣ ва табобати мубталоёни ин бемориро зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои пешомада чораҳои саривақтӣ андешанд.