Абдуқаҳҳор Раҷабов, директори театри Камоли Хуҷандӣ даргузашт

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкЦветы у посольства Бельгии в Москве
Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуқаҳҳор Раҷабов, ҳунарманди синамо ва театр, директори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бар асари беморӣ дар бемористон даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Мирзоумар Мирзоахмедов, аз ҳунармандони театр дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум Раҷабов дар паи тадовии беморӣ, рӯзи 12-уми май дар бемористони сироятии (инфекционный) Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ҷон ба ҷонофарин супурд.

“Мутаасифона ин хабари нохушро, дирӯз ҷонишини директори театр ҳам тасдиқ карданд. Замоне, ки Абдуқаҳҳор дар беморхона буданд чанд маротиба телефонӣ суҳбат доштем, мегуфтанд, ки тасфашон ру ба поёнравӣ дорад. Он вақт таъбашон ҳам болида буду хеле шуху ба ғайратона ҳарф мезаданд. Худо раҳматашон кунад, пештар дар бораи фишорбаландӣ ва каме баланд шудани бемории қанд иброз мекарданд. Эҳтимол “вируси корона” дар авҷгирии бемориҳояшон боис шуда бошад”, - иброз намуд Мирзоахмедов.

Абдуқаҳҳор Раҷабов 13 уми апрели соли 1958 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1975 ба шуъбаи актёрии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон дохил шудааст.

Захарова Ёров, учёный - Sputnik Тоҷикистон
Олими номии тоҷик Зуҳур Ёров даргузашт

Лутфулло Давлатов, Муҳаммадҷон Шодӣ, Хурмо Ширинова аз шарикдарсони донишгоҳии Абдуқаҳҳор Раҷабов ба ҳисоб мераванд, ки он замон таҳсили ин гурӯҳ донишомӯзонро барои сафарбаршавӣ ба театри шаҳри Конибодом ташкил намудаанд.

Ин гурӯҳи донишҷӯён, зери устодии Тамара Абдушукурова маҳорати актёрӣ омӯхтаанд. Пас аз хатми донишгоҳ Абдуқаҳҳор Раҷабов барои кор ба театри шаҳри Конибодом фиристода шуда, муддате баъд, бо даъвати Одилҷон Назаров роҳбари он вақтаи театри Камоли Хуҷандӣ, ӯ ба кор ба Хуҷанд даъват карда мешавад.

Маҳорату лаёқати Раҷабовро ба назар гирифта дар соли таъсиси театри наврасон дар Хуҷанд, ӯро роҳбар таъин намуданд ва ҳудуди даҳ сол дар ин вазифаи басо пурмасъулият кор кардааст.

Дар моҳи январи соли 2019 Абдуқодир Раҷабов роҳбари таетри мазҳака мусиқавии Камолӣ Хуҷандӣ, аз бузургтарин театрҳои Суғд интихоб шудааст. Дар замони чиҳил соли фаъолияташ дар соҳаи театр Раҷабов дар чандин намоишномаҳои нақш иҷро кардааст.

Аз ҳисоби иҷрои нақши Темурмалик дар намоишномаи “Темурмалик” и театри Лоҳутӣ, дар намоишномаҳои “Свалка” (Муноҷот) аз рӯи асари Алексей Дударев, зери коргардонии Шавкат Халилов нақши “Авганец” ро иҷро карда, ҳамчунин дар чандин филҳо низ нақҳои ҷолибро ба иҷро расонидааст.

Мирзоумар Мирзоахмедов мегуяд, Абдуқаҳҳор аз зумраи ҳунармандоне серҷабҳае буданд, ки дар ҳама жанрҳои саҳнавӣ чи драмма ва чи мазҳакаю фоҷиа нақш офарида метавонистанд ва бидуни тардид ин ҳаётро тарк гуфтани ин ҳунарманд як фоҷиае барои соҳаи театр аст.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Мусибат дар хонаводаи Маҳмадсаид Убайдуллоев: бародари ӯ даргузашт

“Абдуқаҳҳор ба ҷуз ин, ки як ҳунарманди тавоно бошанд, инсони ба тақво ва саховатпеша буданд ва ҳама кормандони театрро чи аз лиҳози моддию маънавӣ пайваста дастгирӣ мекарданд. Хусусан кормандони оддии театр, аз ҷумла фаррошонро эҳтиром мегузоштанд ва таъкид менамуданд, ки ба қадри меҳнати инҳо бояд расем”, - гуфт Мирзоахмедов.

 Абдуқаҳҳор Раҷабов аз шумори дигар ҳунармандони соҳаи театр ва дар баробари олимони тоҷик аст, ки ба далели хуруҷи бемориҳои гуногун дунёи фониро тарк кардаанд.

Чанде қабл Савриниссо Сабзаалиева як ситораи синамо ва театр ҳам дар сини 72 солагӣ ва ба гуфаи пайвандонаш дар пайи хуруҷи “бемории сироятӣ” даргузашт.

Рӯзи 10-уми май низ аз даргузашти, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова дар синни 90-солагӣ хабар расид ва гуфта мешуд, ки ин ҳунарманд дар вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мекашид.

Рӯзи 12-ум, Зуҳур Ёров олим, геологи тоҷик дар сини 82 солагӣ моро тарк гуфт. Рӯзи гузашта, Баҳриддин Камолиддинов забоншиноси шинохтаи тоҷик, профессор дар синни 85 солагӣ аз ин дунё реҳлат кард.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус хабар дода буд.

 Бино ба оморе, ки дирӯз 13-уми май ин вазорат эълон кард, шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 801 нафар расида, то ин сана 21 тан фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0