Мусибат дар хонаводаи Маҳмадсаид Убайдуллоев: бародари ӯ даргузашт

© Государственная Дума Федерального Собрания РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонаводаи собиқ раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ғарқи мотам гардиданд. Бародари ӯ Нуриддин Маҳмудов (Убайдуллоев) даргузашт

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Бар тибқи хабарҳои интишоршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бародари собиқ раиси шаҳри Душанбе ва собиқ раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси олии Тоҷикистон (палатаи болоии порлумон) Муҳаммадсаид Убайдуллоев, дар синни 64 солагӣ дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе (Зарафшон) вафот кардаанд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Ҷояшон холист: Убайдуллоев дар бораи мусибати оилавӣ ва дуояш дар ҳаққи ҳамсари марҳум

Гуфта мешавад, Нуриддин Маҳмудов аз рӯзи 1 - уми май бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ гардида буд. Вазъи саломатии бародари Убайдуллоев бисёр вазнин буда, давоми чанд рӯз бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст будаааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев оҷилан тарки Маскав кард

Ҷасади марҳумро на ба зодгоҳи ӯ, балки таҳти назорати табибон дар қабристони шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 2 - июли соли гузашта ҳамсари Убайдуллоев Рӯзигул Каримова вафот карда буд. 

Рӯзигул Каримова ҳамсоли ҳамсараш Убайдуллоев, тақрибан 66-сола буд. Расонаҳои Тоҷикистон он замон навишта буданд, ки ҳамсари Убайдулоев бемор набуд, танҳо чанд рӯзи ахир дарди гулӯ буд.

Лентаи хабарҳо
0