Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Охирин омори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон

© AFP 2023 / NEIL HALLМедсестра ухаживает за пациентами в больнице
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба оморҳои охирин теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дошта ба беш аз 4 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА чанд дақиқаи пеш нашр шуд шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 4 миллиону 233 ҳазору 504 нафар расидааст.

Заместитель председателя правительства РФ Татьяна Голикова - Sputnik Тоҷикистон
Фавт дар Русия аз COVID -19 нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст

Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико  Испания, Русия ва Италия дар ҷойи авваланд. Чин, ки нахустин маркази сирояти беморӣ мебошад, пас аз Эрону Туркия дар ҷойи 11 қарор гирифта, аз даҳгона хориҷ шуд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1,408,636 нафар), Испания (242,271), Россия (242 271), Британияи Кабир (226 463), Италия (221 216), Бразилия (178 214) , Олмон (173 273), Туркия (141 475) , Фаронса (140 227) ва Эрон (110 767)  дохил мешаванд.

Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар ИМА — 234 607 нафар, Испания – 138 930, Италия – 109 039, Олмон – 144 451, Фаронса – 57 785, Туркия -98 889, Эрон – 88 357, Бразилия – 72 597,Русия-43 512 ва Чин–78 171 нафар мебошанд.

Омори тозаи вируси корона дар Тоҷикистон: шумораи мубталоён ба 729 нафар расид

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (83 019), Италия (30 911нафар), Испания (26 920), Британияи Кабир (32 692), Фаронса (15 729),  Эрон (6 733),Бразилия (12 461), Олмон (7 754), Нидерланд (5 510) ва Белгия (8 761) дохил мешаванд.

Бар пояи оморҳои рӯзи гузаштаи мақомоти Тоҷикистон шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 729 нафар расида, аз он 23 тан фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус 30 апрел хабар дода буд.

Лентаи хабарҳо
0