Кори шабонарӯзии вазир: Абдуллозода аз вазъи беморхонаҳои чанд шаҳру ноҳияҳо ошно шуд

© Медицинский центр "Истиклол"Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода
Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони ӯ бевосита бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Ёвону Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Турсунзодаву Душанбе шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, вазир Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан худаш ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ ташриф оварда, аз ҷараёни корҳоро мушоҳида ва назорат намудааст.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Тавсияи мақомоти Суғд: рафту омад байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад

Бино бар иттилои манбаъ, санаи 11 май вазир Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Ёвон, муовини якуми ӯ Саида Умарзода дар ноҳияи Рӯдакӣ, муовин Шодихон Ҷамшед дар шаҳри Турсунзода ва чанде аз роҳбарони раёсатҳои вазорат дар шаҳри Душанбе қарор дошта, баҳри андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта бо вазъи воқеии марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо шинос шуданд.

“Зимни шиносоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо раиси ноҳияи Ёвон ва сартабиби беморхонаи марказии нохия мулоқот намуда, оид ба ҳолати омодабошӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID-19 тавсияҳо дод”,- таъкид дошт манбаъ.

Тайи чанд рӯзи охир муовинони дигари Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода дар вилояти Суғд ва Мирҳамуддин Камолзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.

Рейды по парикмахерским в Хатлоне  - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Душанбе фаъолияти тамоми кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳоро манъ кард

“Ҳадафи сафарҳои масъулони вазорат аз наздик шинос шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, сари вақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва сари  вақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошад”, — таъкид намуд маркази матбуоти вазорат.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки 9 май Абдуллозода ба як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб сафар карда, аз беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки дар рӯзҳои наздик сафари вазир ба минтақаи Рашт низ дар назар аст ва аз ҷараёни онҳо иттилои иловагӣ дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0