Тавсияи мақомоти Суғд: рафту омад байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад

Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии коронавирус дар вилоят ба масъулин дастур доданд, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар машварати корӣ доир ба мубориза бо коронавирус, ки рӯзи 11-уми май баргузор шуд, тавсия дод, ки рафтуомади шаҳрвандон байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад.

Прохожие на улице в Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
"Аз хона набароед!": садои баландгӯяки ситоди COVID -19 дар деҳоти Суғд

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар машварати корӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунанд.

“Ҳоло ҳам дар шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор доранд. Сокинон қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба таври зарурӣ риоя намекунанд. Масофаи байни якдигар, ҷамъ наомадан, миқдори зиёди мардум дар нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, рафту омади хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар машварати корӣ тавсия дода шуд, ки байни шаҳру навоҳии вилоят бе зарурат рафтуомади шаҳрвандон кам ва худҷудоӣ дар хона аз тарафи аҳолӣ риоя карда шавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то санаи 11-уми май дар Тоҷикистон 661 ҳолати сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0