ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Кормандони Прокуратураи генералӣ бо намояндагони шаҳрдории Душанбе, шӯроҳои маҳалла ва муассисаҳои давлатии идоракунии фонди манзилҳо бо сокинони пойтахт сӯҳбатҳо доир намуданд, гузориш медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, мақомот зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба таҳлука наафтодан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, пушидани ниқоб, мунтазам бо собун шустани дастҳо, истифода бурдани маҳлулҳои антисептикӣ, бе зарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ташкил накардани ҳар гуна ҷамъомаду маъракаҳо фаҳмонданд.
Кори шабонарӯзии вазир: Абдуллозода аз вазъи беморхонаҳои чанд шаҳру ноҳияҳо ошно шуд
"Ба сокинон дар бораи роҳҳои паҳншавии бемории коронавирус, тарзу усули ба бадан ворид шудани вирус маълумот до да шуд", - афзудааст манбаъ.
Додситонии кулл менависад, чунин иқдомҳоро кормандонаш идома хоҳанд дод.