Аҳмадзода аз беморхонаи марказии Конибодом боздид кард

© котиботи раиси СуғдБоздиди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд аз беморхона
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд аз беморхона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз беморхонаи шаҳри Конибодом дидан карда, бо табибони он суҳбат анҷом додааст

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Дар шаҳри Конибодом раиси вилоят бо табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии шаҳр мулоқот намуда, аз шароити кору таъминоти доруворию таҷҳизоти муҳофизатӣ пурсон шуд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Медицинский работник в отделении реанимации и интенсивной терапии в стационаре для больных с коронавирусной инфекцией - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми сеюми Русия аз рӯи шумораи мубталоёни COVID - 19 дар ҷаҳон

Ба иттилои манбаъ, ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом 11 нафар бо бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд.

"Барои муолиҷаи беморон дорувории зарурӣ мавҷуд буда, духтурон бо либосҳои махсус таъмин ҳастанд. Ҳамчунин шароитҳои зарурии будубош ва бо се вақт ғизо таъмин мебошанд", - омадааст дар иттилоия.

Раиси вилоят дастур додаст, ки табибон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ҳавасманд ва дастгирь карда шаванд. Таъкид шудааст, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии Covid- 19 дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотӣ ва пешгирикунанда мунтазам бурда шавад.

Котиботи ҳукумати Суғд, илова намуд, ки аз ҷониби раиси вилоят ба беморхонаи марказии шаҳри Конибодом корҷомаҳои муҳофизатӣ, маводи антисептикӣ, маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморон дастрас карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0