Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мақоми сеюми Русия аз рӯи шумораи мубталоёни COVID - 19 дар ҷаҳон

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в отделении реанимации и интенсивной терапии в стационаре для больных с коронавирусной инфекцией
Медицинский работник в отделении реанимации и интенсивной терапии в стационаре для больных с коронавирусной инфекцией - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди Федератсияи Русия, то рӯзи 11 май дар бадани 221 ҳазор кас коронавируси навъи COVID -19 ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Русия аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон, ба мақоми сеюм баромад. Дар ин бора торномаи Worldometers, ки маълумоти умумиҷаҳонро доир ба мубталоёни коронавирус нашр мекунад, хабар додааст.

© worldometerСтатистика по коронавирусу
Мақоми сеюми Русия аз рӯи шумораи мубталоёни COVID - 19 дар ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Статистика по коронавирусу

Бино ба маълумоти ситоди фаврӣ, дар Русия, то 11 май дар бадани 221,3 ҳазор кас коронавируси навъи COVID -19 ба қайд гирифта шудааст. 

Медицинский центр №1 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шифои муллои шинохтаи Тоҷикистон аз коронавирус-акс

Танҳо шабонарӯзи ахир дар 84 минтақаи Русия 11 656 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Нахустин мубталоёни коронавирус дар Русия ду шаҳрванди Чин буданд, ки 31 январ дар бадани онҳо вируси навъи COVID - 19 сабт шуд.

Теъдоди  гирифторони коронавирус дар Русия аз 200 ҳазор нафар гузашт

То рӯзи 7 май Русия аз рӯи бештарин шумораи гирифторони коронавирус дар мақоми панҷум қарор дошт. Рӯзи душанбе бошад, Русия аз Италия ва Бритониё, ки 219 ҳазор бемор доранд, пеш гузашт.

Дар ин феҳрист ИМА аз рӯи бештарин гирифторони вирус  - 1,3 миллион бемор дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. Дар ҷойи дуюм Испания бо 264,6 ҳазор бемор қарор дорад.

Ситоди фаврӣ қайд мекунад, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 94 кас фавтида, шумораи умумии қурбониёни вирус марзи 2 ҳазорро убур кард.

Дар баробари ин манбаъ  қайд мекунад, ки шабонарӯзи гузашта аз беморхонаҳои кишвар 5,5 ҳазор кас мураххас шудаанд. Шумораи умумии шифоёфтагон дар Русия ба 39,8 ҳазор кас расид.

Лентаи хабарҳо
0