Хайр, донишгоҳ! Хатмкунандагон ҳам фориғ шуданд

© из личного архива Эхсони ХушбахтПресс-секретарь Минобразования и науки республики Таджикистан Эхсони Хушбахт
Пресс-секретарь Минобразования и науки республики Таджикистан Эхсони Хушбахт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, хатмкунандагони макотиби олӣ, ки қарор буд то 15 май имтиҳонҳои хатм супоранд, низ рухсат шуданд

ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илм ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-литсейҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо имрӯз охирин имтиҳоноти давлатӣ анҷом гирифтанд ва тибқи қарори вижаи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории “вируси корона” ё COVID-19 хамткунандагони муассисаҳои касбӣ ба рухсатӣ фиристода шуданд.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице  - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ба хонандагону донишҷӯён: аз гаштугузор дар кӯча худдорӣ кунед

“Дар қарори мазкур ба сароҳат гуфта мешавад, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳоноти хатм ширкат накарданд, дар сессияи тирамоҳӣ имтиҳони такрории давлатӣ ташкил карда мешавад ва вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки имтиҳони такрории хатмкунандагонро дар давраи муқарраршуда роҳандозӣ менамояд”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.

Қаблан вазорати маориф ва илм иттилоъ дода буд, ки бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории “вируси корона” ё COVID-19 аз рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ, донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба хотири аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон ва имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷуён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

 Бино ба ҳамон қарор, барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷамъбасти интиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0