Тафсилоти нави парвозе, ки гуфта мешуд, гӯиё Раҳмонро ба Олмон бурдаст

© Sputnik / Амир ИсаевСамолет в аэропорту, архивное фото
Самолет в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳиди Амрико хабар дод, ки парвози шаби 3 майи ҳавопаймои Phoenix Air ба Душанберо ин кишвар ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия таъкид кардааст, ки бо ин ҳавопаймо ягон шаҳрванди Тоҷикистон парвоз накард.

Сафорат дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор дошт, ки барои ин парвоз, ки аз Душанбе ба Рамштейни Олмон анҷом дода шуд, бо ширкати Phoenix Air созиш карданд ва ба мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон низ барои фароҳам овардани шароит изҳори сипос намудаст. Аммо мушахассан, ки киҳо бо ин ҳавопаймо парвоз кардаанд, сафорат чизе нагуфтааст, танҳо таъкид кардааст, ки дар миёнашон ягон шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳо паҳн гардиданд, ки гӯиё бо ин  ҳавопаймо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои табобат ба Олмон парвоз кардааст. Масъулини тоҷик ин хабарҳоро рад намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа ба “Ховар” гуфт, ҳавопоймои Gulfstream G-III-и ширкати Phoenix Air,  бо иҷозати Ҳукумат шаби 3 май кумакҳои башардӯстонаи хайрхоҳони миллатро аз Олмон ба Тоҷикистон овард.

Лентаи хабарҳо
0