Субҳи 22 июни соли 1941 Ҷанги Бузурги ватанӣ, ки 1418 рӯзу шаб идома дошт, оғоз шуд.
Дар оғози солҳои чилуми асри гузашта аҳолии Тоҷикистон 1 миллион нафар буд. Солҳои ҷанг ба ҷабҳа беш аз 300 ҳазор нафар намояндаҳои Тоҷикистон эъзом шуданд. Аз набардҳо 92 ҳазор нафар барнагаштанд.
Барои шуҷоъат ва қаҳрамонӣ дар набардҳо ва муҳорибаҳо бо фашистон 56 ҳазор намояндагони Тоҷикистон бо ордену нишонҳои ҷангӣ сарфароз шуда 54 нафар бо унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуда ва 15 нафар соҳиби се ордени Шуҷоъат шуданд.
24 июни соли 1945 дар гашти Пирӯзӣ дар Москав низомиёни тоҷик низ ширкат карданд. Старшинаи гвардия Абдусаттор Ҳоҷибоев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, сержант Абдуназар Фармонқулов аз Истаравшан, тирандози тӯпҳо Истамқул Ҳасанов аз ноҳияи Ашт ва ғайра.
Солҳои ҷанг мардуми дорои ихтисоси мухталиф шабу рӯз дар ақибгоҳ барои таъмини артиш бо хӯрокворӣ, либос ва маҳсулоти дигар фаъолият доштанд. Барои кор ба корхонаҳои низомӣ дар ақибгоҳ 45 ҳазор нафар тоҷикистониён эъзом шуданд.
Дар ин муддат Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ба ҷабҳа ирсол дошт: ба сандуқи ҳимояи шӯравӣ беш аз 1 миллиард рубл, 40 ҳазор пуд гандум, 150 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123 ҳазору 80 дона пӯсти гусфанд, 993,4 килограмм пашм, беш аз 25 ҳазор метр матоъ.
Ҳамчунин корхонаҳои санъатӣ либоси низомӣ, тир барои ҷабҳа ва чатр барои халабонҳо тавлид мекарданд.
То 1 марти соли 2015 дар Тоҷикистон 926 собиқадори ҷанг, аз ҷумла 18 зан, зиндагӣ мекарданд.
Феълан аз онҳо 849 нафар зинда мондаанд…