https://sputnik.tj/20190508/qissai-Ahmadon-Hobilov-kuansarbozi-toik-az-angi-Buzurgi-Vatan-1028857403.html
Қиссаҳои Аҳмадҷон Ҳобилов аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Қиссаҳои Аҳмадҷон Ҳобилов аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадҷон Ҳобилови 94 сола аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар сини 18 солагӣ ба хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд. 08.05.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-05-08T20:40+0500
2019-05-08T20:40+0500
2021-04-19T16:48+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/28/1028852877_0:19:1440:833_1920x0_80_0_0_66d4b4546e86d91c63370a67eb38348e.jpg.webp
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Ветеран ВОВ в Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ветеран ВОВ в Душанбе
2019-05-08T20:40+0500
true
PT2M27S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/28/1028852877_0:0:1440:906_1920x0_80_0_0_ab74f8c2ae09e0a8c868d6a4632592f3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, ҳамаи хабарҳо, куҳансарбоз, ҷашни рӯзи ғалаба, рӯзи ғалаба, қисса, дар тоҷикистон
видео, ҳамаи хабарҳо, куҳансарбоз, ҷашни рӯзи ғалаба, рӯзи ғалаба, қисса, дар тоҷикистон
Қиссаҳои Аҳмадҷон Ҳобилов аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ
20:40 08.05.2019 (Навсозишуда: 16:48 19.04.2021) Аҳмадҷон Ҳобилови 94 сола аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар сини 18 солагӣ ба хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд.
Ӯро соли 1944 ба хизмати аскарӣ ба шаҳри Самарқанд бурданд ва ӯ ба полки тирандоз-пиёдагарди № 211 ҳамроҳ шуд. Сипас сарбози ҷавони тоҷикро ба ҷанг фиристода шуд ва аввалин таҷрибаашро дар ҷанг дар Украина ба даст овардааст. Ӯ дар озод намудани хоки Украина аз фашизм иштирок намуда, поёни Ҷанги Бузурги Ватаниро дар Чехословакия пешвоз гирифтааст.
Аҳмадҷон Ҳобилов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қиссаҳои ҷавонӣ ва иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд овард.
“Рӯзи 8 - уми май буд. Мо дар шаҳри Лоубан қарор доштем. Он ҷо ҷанг хеле сахт мерафт. Аз ҳарду ҷониб ҳуҷум, тирпарронӣ беист ҷараён дошт. Снаряд ва бомбапартоӣ буд. Дар ин ҷо чандин ҳамяроқони ман аз зарби тир кушта шуданд. Пораҳои бомба сару рӯи маро ҳам захмин кард. Аммо Худоро шукр, ки ман дар он ман зинда мондам”.
Вай гуфт, ки ҷанг бар муқобили фашизм дар шаҳри Прага то дери шаби рӯзи 9 -уми майи соли 1945 давом кард.
“Соати яки шаб буд, ки садои бомбаборон якбора хомӯш шуд. Ин хомушӣ то саҳар идома кард. Ва рӯзи 10- уми майи соли 1945 эълон доштанд, ки ҷанг тамом шуд ва Давлати Шӯравӣ бар муқобили фашизм пирӯз шуд”, - гуфт куҳансарбоз Аҳмадҷон Ҳобилов.