Писарони 32 мансабдори бадахшониро ба артиш бурданд

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То 1 апрел нақшаи маъракаи даъватро 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ сад дар сад иҷро кардааст. Мансабдорон ихтиёран фарзандонашонро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карданд

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Фарзандони 32 мансабдори Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуданд. Бино бар иттилои "Ховар", кормандони сохторҳои давлатии вилоят писаронашронро ихтиёран ба хизмат фиристоданд.

Дезинфекция улиц в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон: беш аз 15 ҳазор мубталои коронавирус беҳбуд ёфт
Бино бар иттилои манбаъ, ҳанӯз то саршавии маъракаи даъват, 1 апрел ҳашт шаҳру навоҳии Бадахшон нақшаи сафарбаркунии наваскаронро сад дар сад иҷро кардааст.

"Маъракаи гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоати вилоят дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ таҳти шиори "Ҷавонони Бадахшон – муҳофизони асили марзу буми мамлакат" сурат гирифт", - менависад манбаъ.

Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ оғоз шуд.

Лентаи хабарҳо
0