Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Раҳмонзода хабари бемории Эмомалӣ Раҳмонро бепоя хонд: дар ҷойи коранд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода хабарҳо дар бораи бемории президентро бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik.  Абдуҷаббор Раҳмонзода, хабарҳо даро бораи бемории Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  Шарофиддин Гадоев, як тан аз мухолифини ҳукумат дар Фейсбук, Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст, рад кард.

Мужчина в маске на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон: дар кадом шаҳру вилоят чанд нафар?

Раҳмонзода гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои душвор дар ҷои кор ва дар фикри беҳдошти вазъи баамаломада ҳастанд ва касоне, ки ҳамроҳашон кор мекунанд, аъзои Ҳукумати мамлакат, шаҳрвандони кишвар инро мебинанду медонанд, хабар медиҳад "Ховар".

Ёрдамчии президен ҳамчунин гуфтааст, Шарофиддин Гадоев, ҳатто ширкати  раисиҷумҳурро дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 апрел зери суол бурдаанд, вале ҳамаи аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хабарнигорону наворбардорон, ки  шоҳиди бевоситаи иштироки Пешвои миллат дар ин ҷаласа буданд.

"Сарвари давлати мо ҳатто дар рӯзҳои аз ин ҳам душвортару сангинтар, чи дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва чи баъди он,  дафтари кории  худро тарк накарда ва ҳамроҳи мардуми худ буданд, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба нуқтаҳои доғу ноамн  рафтаанд, то ки Тоҷикистонро аз гирдоби балоҳо берун кашанд  ва мардуми шарифи кишвари худро ба рӯзи неку осуда расонанд",- гуфтааст Раҳмонзода.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати Рустам ба сокинон: ба овозаҳо бовар накунед, умеди қавӣ дошта бошед

Номбурда гуфтааст, ҳамзамон бояд рӯшанӣ андозем, ки ҳавопоймои Gulfstream G-III-и ширкати Phoenix Air,  ки Гадоев ва ҳамравонаш аз он ном бурда ва аз парвози он ба Душанбе дар ҳоли қатъи парвози ҳавопаймоҳо изҳори тааҷҷуб намудаанд,  бо иҷозати Ҳукумати мамлакати мо  шаби 3 май кумакҳои башардӯстонаи хайрхоҳони миллатамонро аз Олмон ба Тоҷикистон овард.

Ба  гуфти ёрдамчии президент, Эмомалӣ Раҳмон  ҳар рӯз чанд маротиба бо роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус вомехӯранд, аз онҳо маълумотҳои фаврӣ мегиранд ва дар асоси онҳо  тасмимҳо мегиранд.

"Сарвари давлат ҳамарӯза аз дафтари кориашон     тавассути телефон бо роҳбарони вазорату идораҳо,  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбат мекунанд, аз саломатии  мардум дар маҳалҳо пурсон мешаванд, ҷиҳати андешидани тадбирҳои пешгирии ин вабои аср ва ҳамзамон вусъат додани корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо медиҳанд"-афзудааст манбаъ.

Ӯ аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо ҳама дар атрофи раҳбарияти олии кишвар ва ҳукумат муттаҳид гарданд, то ки, бо кӯмаку ҳамдастӣ ва ҳамоҳангиву муттафиқӣ кишварамон ва мардуми азизамонро  аз ин гирдоби бало  берун бикашем.

Чанд рӯз қабл Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони ҳукумат дар аврупо иттилое паҳн кард, ки дар он гуфта мешуд, ки гӯё Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бемор шудаву уро барои табобат бо ҳавопаймо ба Олмон бурдаанд.

Лентаи хабарҳо
0