Муроҷиати Рустам ба сокинон: ба овозаҳо бовар накунед, умеди қавӣ дошта бошед

© Сайт мэрия ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтах ва раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома аз сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Муроҷиатномаи шаҳрдори пойтахт рӯзи гузашта нашр шудааст, ки дар он Рустами Эмомалӣ ҳамзамон ба кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолияти шабонарӯзияшон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, аз тамоми сокинони пойтахт даъват  ба амал  овардааст, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурӯғу ғаразнок бовар накунанд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

Ӯ ба сокинон гуфтааст, босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшиши муштарак аз ин вабои аср раҳо ёфта, тамоми имконияту нерӯи хешро барои рушди пойтахти азизамон ва зиндагии боз ҳам беҳтари сокинони сарбаланди он сафарбар менамоем.

Ба гуфти Рустами Эмомалӣ, барои аҳолии шаҳр ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст.

“Фаъолияти муназамми тамоми бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дорад”,-афзудааст шаҳрдори пойтахт..

Ӯ аз волидони мактаббачагон даъват намудааст, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву  қоидаҳои  беҳдоштӣ ҳатман риоя гардад.

Ёдовар мешавем,  рӯзи 30-уми апрел дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти раисии сарвазир Қоҳир Расулзода, 15 мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба вируси корона ё COVID – 19 эълон карда шуд, ки 5 ҳолат аз ин шумор ба шаҳри Душанбе ва 10 мавриди дигар ба вилояти Суғд, рост меояд.

Аммо мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон то ҳол макони аслии шуюъи ин беморӣ ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳо шарҳ надодаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0