ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, гурӯҳҳои зудамали Кумита бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус фаъолона ҷойҳои пурҷамъият ва маконҳоеро, ки маъмулан одамон бештар таҷаммуъ мекунанд бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ доранд.
Масъулини КҲФ Тоҷикистон таъкид доштанд, ки шабонарӯзи гузашта гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави шаҳри Душанбе бо ёрии техникаи махсуси Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ – радиометрии КҲФ корҳои дезинфексионӣ гузарониданд ва барои ин корҳо бештар 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода гардид.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар вилояти Хатлон кормандони КҲФ бинои прокуратура, суд, милитсия, майдонҳо, поркҳо ва қаламрави наздик ба онҳоро дар шаҳри Бохтар аз нигоҳи беҳдоштӣ тозову пок карданд.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки қаламрави як қатор қисмҳои ҳарбии наздикии шаҳри Бохтар низ поккорӣ шуданд.
Ҳамчунин, мутахассисони Кумита бо сокинони кишвар дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт, суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Кормандони КҲФ дар бораи ҷилавгирӣ аз вируси корона, қоидаҳои пӯшидани ниқоб, шустушӯи дасту рӯй ва ғайра суҳбатҳои анҷом медиҳанд.
“Дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ ба аҳолӣ варақаҳову китобчаҳо тақсим намуданд. Ғайр аз ин дар ҷойҳои серодам ин варақаҳо барои истифодаи умум часпонида шуданд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти КҲФ.