ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Олимони Британия дақиқ карданд, ки чаро маризии коронавирус ин қадар талафоти зиёди ҷониро ба бор овард, менависад маҷаллаи Research Square.
Мутахассисони бунёди беморхонаи Малика Элизабет ва Донишгоҳи Англияи Шарқӣ сатҳи миёнаи витамини D дар шаҳрвандони 20 кишвари Аврупо бо омори фавти коронавирусро таҳлил карданд. Дар ҷараёни таҳқиқот олимон тавонистанд робитаи мустақимро дар байни ин омилҳо дарёб кунанд.
"Мо сатҳи миёнаи витамини D-ро барои 20 кишвари Аврупо муайян кардем ва аз он ҷо инчунин дар бораи беморшавӣ ва фавт аз сабаби COVID-19 маълумот ба даст овардем. Сатҳи миёнаи витамини D дар ҳар як кишвар бо фавти одамон зич алоқаманд буд", - гуфта шудааст дар ҳисобот.
Қайд карда мешавад, ки дар кишварҳои норасоии витамини D, одамон аз коронавирус бештар мурданд.
Сарвазири Британия гуфт, табибон ба эълони марги ӯ омода буданд
"Мо боварӣ дорем, ки иловаҳои витамини D метавонад барои муҳофизат аз сироят тавсия дода шавад", - мегӯянд олимон.
Тибқи маълумоти СҶБ, дар саросари ҷаҳон тақрибан 3,5 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфта, 244 ҳазор бемор аз ин беморӣ фавтиданд. Дар Русия, зиёда аз 134 ҳазор шаҳрвандон аз коронавирус азият мекашанд.