Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" дар Тоҷикистонро тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бино бар гузоришҳои восила ба Sputnik Тоҷикистон, ин эътироф дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии "вируси корона" ё COVID-19, ки имрӯз таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳам раиси ин Ситод баргузор шуд, зикр шудааст.

"Дар кишвар 15 ҳолати гирифторӣ ба "вируси корона" - 10 маврид дар шаҳри Хуҷанд ва 5 маврид дар шаҳри Душанбе сабт шудааст", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои ӯ, дар ин ҷаласа ба вазъи кунунии сиҳии кишвар баҳои муносиб дода, ба ин натиҷа расидаанд, ки вуҷуди "вируси корона" дар Тоҷикистон эътироф ва тариқи телевизиони давлатӣ эълон шавад.

Сотрудница инфекционного центра  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи изтирорӣ: оё дар Тоҷикистон вуҷуди коронавирус эълон мешавад ё на?

"Барои эълони ин хабар ба ҷомиаи Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандуруастии Тоҷикистон муваззаф шудааст. Интизор меравад, ӯ тариқи телевизион аз утоқи кории худ ин хабарро ба мардуми Тоҷикистон бирасонад", - гуфтанд ба Sputnik Тоҷикистон.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид ё такзиб накард. Иттилои расмӣ дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии “Ховар” нашр шуд, ки бино ба он, ин нукта дар ҷаласае таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзаон раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19 зикр шудааст.

"Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-уми апрели соли 2020 - 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст”, - хабар додааст “Ховар”.

Ба ҳамин минвол, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Тоҷикистон мавҷудияти бемории сироятиро расман тасдиқ ва эълон кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, аз 1 феврал то субҳи 30 апрели соли 2020 дар Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

“Ховар” менависад, ҳоло дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд ва 29 апрели соли 2020 аз муассисаҳои тиббӣ 304 нафар ҷавоб дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0