https://sputnik.tj/20200502/Bozdoshti-zanu-shavhar-baroi-furshi-dukhtarchai-sesolaashon-3000-dollar-narkh-guzoshtaand-1031166256.html
Боздошти зану шавҳар барои фурӯши духтарчаи сесолаашон: 3000 доллар нарх кардаанд
Боздошти зану шавҳар барои фурӯши духтарчаи сесолаашон: 3000 доллар нарх кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зану шавҳар ва як нафари наздик ба онҳо хабар медиҳад, ки дар фурӯши духтари сесолаашон... 02.05.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-05-02T09:00+0500
2020-05-02T09:00+0500
2021-04-19T17:03+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ҳамадонӣ
рӯдакӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, ҳамадонӣ, рӯдакӣ, фурӯш, падар
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, ҳамадонӣ, рӯдакӣ, фурӯш, падар
Боздошти зану шавҳар барои фурӯши духтарчаи сесолаашон: 3000 доллар нарх кардаанд
09:00 02.05.2020 (Навсозишуда: 17:03 19.04.2021) Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зану шавҳар ва як нафари наздик ба онҳо хабар медиҳад, ки дар фурӯши духтари сесолаашон муттаҳам мешаванд.
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, Сафина Абдуллоеваи 22 сола сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо шавҳараш Тоҷиддин Даминови 30 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ ва писарамакаш Абдулҳамид Сафарови 41 сола, барои фурӯши духтарчаашон муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Сафина Абдуллоева бо ҳамзисташ Тоҷиддин Даминов бо мақсади ба даст овардани маблағ фарзанди сесолаи худро ба фурӯш гузоштаанд.
Манбаъ мегӯяд, харидорро, ки бо кормандони милитсия дар робита буд тавассути Абдулҳамид Сафаров пайдо кардаан.
Дар натиҷа гумонбарон духтарчааро ба харидори шартӣ ба маблағи 2500 доллар нархгузорӣ мекунанд, ки ҳангоми додугирифт боздошт гардиданд.
Сафина Абдуллоева, модари кӯдак дар суҳбати видеоӣ мегӯяд шавҳараш омаду гуфт, ки дурхтарашро 1200 доллар нарх кардаанд ва писарамакаш барои харид одам ёфтааст, пасон фаҳмидааст, ки 2 ҳазору 500 долар будааст.
Ба гуфти Абдулҳамид Сафаров барои фурӯши кӯдак ба ӯ амакбаччааш Тоҷиддин Даминови муроҷиат кардааст ва ӯ ҳамроҳи ҳамсараш харидор пайдо карданд.
Ба гуфти Сафаров, кӯдакро бо харидор 3 ҳазор доллар маслиҳал кардаанд ва ӯ розӣ шудааст, ки дуюним ҳазорашро ҳоло ва боқимондаро моҳи май медиҳад.
“Барои Тоҷиддин якуним ҳазор доллар дод, ӯ саддоларӣ ба ману Ҷамила дод ва баъди чанд метир рафтан моро боздошт карданд.