ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар ин рӯз ҳузури мардум дар кӯҷаву хиёбонҳо ва ҳаракати нақлиёт дар қиёс бо рӯзҳои корӣ ба маротиб кам шудааст. Мардум саргардону нигарон дар хонаҳои худ нишастанд.
Имрӯзҳо ба ҷуз вожаи коронавриус ва гирифтор шудани ин ё он нафар бар забони мардум на якдилии заҳматкашони дунёву на Иди баҳор меояд.
Таҷлили 1-уми май, маъруф ба Иди якдилии заҳматкашони дунё, ки тайи даврони Шӯравӣ ва ибтидои истиқлолият дар Тоҷикистон ботантана ҷашн мешуд, сол аз сол аҳамияти худро гум кардааст. Солҳои ахир ҳатто ҳукумати Тоҷикистон санаи 1 май рӯзи истироҳат эълон намекард.
Имрӯз дар кучаҳои шулуғи Душанбе сокиту хомӯшанд. Мардуми Тоҷикистонро паҳншавии коронавирус нигарон кардааст.
Иди меҳнаткашон аз 1 майи соли 1886 ибтидо мегирад, ки дар шаҳри Чикагои Амрико коргарон бо талаби рӯзи кории 8 – саоата ба майдон рехтанд ва ин тазоҳурот ба задухӯрди хунин бо пулис анҷом ёфт. Соли 1889 Кунгураи порисии Интернатсионали II дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард ва аввалин намоишҳои ҳамраъйии меҳнаткашон соли 1890 дар Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, Амрико, Норвегия, Франция, Швеция ва дигар кишварҳо баргузор шуданд.
Ҳукумати Шӯравӣ шурӯъ аз соли 1917 иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар саросари Шӯравӣ ба роҳ андохт.
Тоҷикистон, ки ҷузъӣ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ин ҷашнро то истиқлолият бо шукӯҳу шаҳоматтаҷлил мекард.