Ҷашнҳои рӯзи 1 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 1 мая
День 1 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи якуми май Рӯзи меҳнаткашон таҷлил шуда ҳамзамон, Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас мебошад

Рӯзи 1 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1884  дар Чикаго сохтмони аввалин бинои серошёна, ки иборат аз 10 ошёна буд, оғоз ёфт.

Соли 1899 бори нахуст доруи аспирин ба фурӯш бароварда шуд.

© Public domain Таблетки, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 1 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Таблетки, архивное фото

Соли 1922  дар Русия аввалин хати байналмилалии ҳавоӣ кушода гардид.

Соли 2004 Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта, Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуданд, ки дар таърихи ин созмон бузургтарин ҳамроҳшавии давлатҳо ба шумор меравад.

Рӯзи 1 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1940 дар Сталинобод аввалин кӯл — "Кӯли комсомол" ба истифода дода шуд.

© Sputnik / Валерий Шустов / Гузариш ба медиабонкКомсомольское озеро (Молодежное озеро) в Душанбе - любимое место отдыха горожан.
Ҷашнҳои рӯзи 1 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Комсомольское озеро (Молодежное озеро) в Душанбе - любимое место отдыха горожан.

Соли 1960 дар фазои шаҳри Свердловск ҳавопаймои ҷосусии амрикоии У-2 мавриди ҳадаф қарор гирифт, ки марзи давлатии ИҶШС-ро дар фазои Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур намуда буд.

Соли 1993 300 нафар аввалин гурезагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Соли 2013 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон доир шуд.

Соли 2014 вазъ ва дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуданд.

Соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вафоти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуд.

© Sputnik / Амир ИсаевШоир Бозор Собир
Ҷашнҳои рӯзи 1 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Шоир Бозор Собир

Ҷашнҳои рӯзи 1 май

  • Рӯзи меҳнат.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.

Рӯзи 1 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1901-1976 оҳангсоз ва мусиқашинос Муҳаммадҷон Мӯъминов.

Соли 1914-1998 арбоби давлатӣ Мирзо Раҳматов (Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС).

Соли 1916-1972 коргардон Назрулло Тиллоев.

Соли 1922-1993 арбоби давлатии Тоҷикистон Меҳрубон Назаров.

Соли 1928-1997 Нависандаи халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар.

Соли 1928 нависанда Бобо Ҳоҷӣ.

Соли 1929 ҳунарманди кино, донишманд ва ҷамъоварандаи асбобҳои миллии мусиқӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Гурминҷ Завқибеков.

Соли 1937 ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марям Исоева.

© Sputnik / Амир ИсаевАктриса Марьям Исоева
Ҷашнҳои рӯзи 1 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Актриса Марьям Исоева

Соли 1938-1993 нависанда Бурҳон Ғанӣ.

Соли 1940 мутарҷим Амирқул Насимов.

Соли 1946-2011 аксбардор Қизилбой Афғонов.

Соли 1954 журналист Ҳалимаи Хушқадам.

Соли 1965 доктори улуми филология Мурод Муродов.

Соли 1975 – Зодрӯзи қахрамони ҷаҳон Толеъ Холназаров.

Лентаи хабарҳо
0