Ахиран дар Тоҷикистон вуҷуди коронавирус ё COVID-19 расман тасдиқ ёфт. Дар ин бора ахиран дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии "вируси корона" ё COVID-19, ки таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд, зикр шуд.
“Бале, хабар тасдиқ шуд. Дар Тоҷикистон 15 ҳолати гирифторӣ ба "вируси корона" - 10 маврид дар шаҳри Хуҷанд ва 5 маврид дар шаҳри Душанбе сабт шудааст", - гуфт Дарвешзода ба Sputnik Тоҷикистон.
Вай гуфт, ки ин мавридҳо дар ташхисгоҳ тасдиқи худро пайдо кард.
“Дар ҳоли ҳозир ҳамаи нафароне, ки ба вируси корона гирифтор шудаанд дар беморхона бистарӣ шудаанд”, таъкид доштааст Дарвешзода.
Ҳамчунин вай афзуд, ки то ҳол дақиқи шумори нафароне, ки аз вирус корона даргузаштанд маълум нест. Дар ҳоли ҳозир, ташхисҳои нафароне, ки аз илтиҳоби шуш фавтиданд, дубора санҷиш мешаванд.
“Натиҷаҳо дар рӯзҳои наздик маълум хоҳанд шуд ва танҳо пас аз ҳамин чораҳои баъдӣ барои мубориза бо ин вирусро муайян хоҳем кард”, қайд кард Дарвешзода.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон алакай ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт муроҷиат кардааст ва умедвор аст ин созмон ба ҷумҳурӣ кумак хоҳад кард.