Аҳмадзода бо ниқоб ба беморхона рафту бо пизишкон суҳбат кард

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар бораи чораҳои пешгирикунанда аз сирояти бемории коронавирус бо духтурони бемористони вилоятии кӯдакона мулоқот доир намуда, аз мавҷудияти захираи маводи тиббӣ дар анборҳо дидан кардааст

ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Ба иттилоъи сомонаи ҳукумати Суғд, аснои суҳбат бо духтурон, Аҳмадзода таъкид намудааст, ки дар вилоят баҳри пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла вируси корона тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

Раиси вилоят аз кору заҳмати духтурон таъкид намуда, гуфтааст, ки “ин масъулияти кормандони соҳаи тандурустӣ, дар ин вақту замон бояд баланд эҳсос гардад”. Ахиран тибқи як қарори худ, Аҳмадзода барои пешгирӣ аз паҳни бемории коронавирус ё COVID -19, барои харидорӣ шудани доруворӣ ва маводи лозими тиббӣ аз буҷҷети вилоят 6,5 миллион сомонӣ ихтисос дод.

 Ӯ ҳини суҳбат ба роҳбарони ширкатҳои фарматсевтии вилоят дастур додааст, ки дар таъмини саривақтии мардум бо доруворӣ аз ҳарвақта дида бештар ҳиссагузорӣ намуда, ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат кӯмак намоянд.

Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ҳамчунин иттилоъ додааст, ки то санаи 29-уми апрел бино ба поён ёфтани 14 рӯз тақвими қарантинӣ 3336 нафар аз беморхонаҳо рухсат шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир 420 нафар дар бемористонҳои ҳудуди Суғд бистарӣ будаанд.

Дирӯз 30-уми апрел дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти раисии сарвазир Қоҳир Расулзода, 15 мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба вируси корона ё COVID – 19 эълон карда шуд, ки 5 ҳолат аз ин шумор ба шаҳри Душанбе ва 10 мавриди дигар ба вилояти Суғд, рост меояд.

Аммо мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон то ҳол макони аслии шуюъи ин беморӣ ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳо шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0