Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СУТ ҳам гирифтор шудани сокинони Тоҷикистонро ба коронавирус тасдиқ кард

© AP / Jens Buettner Врач разговаривает с пациентом
 Врач разговаривает с пациентом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бурузи коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Пештар дар кишвар мубтало шудани 15 нафарро ба ин маризӣ эълон карда буданд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бурузи коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард, хабар доданд аз дафтари минтақавии Аврупо ба Sputnik Тоҷикистон.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

"СУТ хабари расмии мавриди сироятёбӣ ба COVID-19-ро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Феълан, бо Вазорати тандурустии ин кишвар дар робита ҳастем, то маълумоти бештар ба даст орем", - омадааст дар иттилоия.

Маълумоти иловагие, ки чигуна коронавирус вориди Тоҷикистон гашт, нест.

Ёдрас мешавем, аз 15 мавриди тасдиқи коронавирус дар Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID-19 хабар доданд.

Феълан, 2 ҳазор нафари дигар зери назорати табибон қарор доранд.

Ҷаласаи изтирорӣ: оё дар Тоҷикистон вуҷуди коронавирус эълон мешавад ё на?

 

 

Лентаи хабарҳо
0