Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Жээнбеков вазъияти фавқулодаро дар Қирғизистон тамдид кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВиды Бишкека, архивное фото
Виды Бишкека, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъияти фавқулодда бинобар хуруҷи бемории коронавирус дар Қирғизистон барои 12 рӯзи дигар тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, дар ин бора президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков пас аз ҷаласаи Шӯрои амният изҳор доштааст.

Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвараш кай камтар мешавад

Ҳамакнун  ҳолати фавқулода дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод ва ноҳияи Ат-Башини вилояти Норини Қирғизистон то 10 май идома мекунад.

Гуфта мешавад, тасмими мазкур баъди суханронии ноиб-сарвазир Қубодбек Боронов ва вазири тандурустии он кишвар Собирҷон Абдикаримов оид ба вазъи кунунии сирояти вируси коронавирус дар ин кишвар гирифта шудааст.

Жээнбеков гуфтааст, ҳукумат ва тамоми мақомоти давлатӣ бояд татбиқи чораҳои зиддибӯҳронии тавсиякардаи Шӯрои Амниятро идома диҳанд.

Дар Қирғизистон то 28 апрел шумораи мубталоёни коронавирус ба 700 нафар  расида, аз он ҳашт нафар ҷон бохтанд.

Лентаи хабарҳо
0