Хатмкунандагон аз Суғд дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 100 ҷойи ифтихорӣ гирифтанд

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие культурно-просветительского центра в Душанбе
Открытие культурно-просветительского центра в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Суғд мегӯянд, хатмкунандагони макотиби вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ беш аз 100 ҷойи ифтихорӣ гирифтаанд, ки қисми бештари онро намояндагони шаҳри Исафара соҳиб шудаанд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бори нахуст ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ ва номӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо байни синфҳои 11 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон муайян шуданд.

Довталабон дар назди Маркази миллиии тестӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳим: Маркази миллии тестӣ имтиҳонро дар асоси тарҳи нав доир мекунад

Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Суғд, хонандагони мактабҳои вилоят дар ин имтиҳони донишу маҳорат дар маҷмуъ соҳиби 100 ҷойи ифтихории якуму дуюм ва сеюм гардиданд.

“Ҷойҳои бештарро толибилмони шаҳру ноҳияҳои Исфара (21 ҷой), Хуҷанд (18 ҷой), Бобоҷон Ғафуров (13 ҷой), Истаравшан (7 ҷой), Спитамен (6 ҷой) ва Конибодом (5 ҷой) ишғол намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки соҳибистеъдодҳои шаҳри Хуҷанд аз ҳама бештар  - 4 ҷойи аввалро соҳиб гардида, хонандагони Мактаби президентии шаҳри Бӯстон аз 7 ҷойи ишғолнамуда, 3 ҷойи аввалро соҳиб шуданд.

Мақомоти Суғд таъкид намуданд, ки дар қиёс ба солҳои пешин хонандагони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Мастчоҳ, Зафаробод, Айнӣ дастоварди хубтар нишон доданд.

Лентаи хабарҳо
0