ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ториқ Орин, сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон, эълон кард як муҳоҷим субҳи имрӯз, чоршанбе камарбанди инфиҷории худро дар минтақаи Решхури Кобул миёни мардум инфиҷор кард, ки дар натиҷа се ғайринизомӣ кушта шуданд.
Хабаргузории “Парстудей” аз қавли Орин афзуд, ки дар ин инфиҷори интиҳорӣ 15 нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Манбаъ таъкид кард, ки то кунун фард ё гуруҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Асадуллоҳ Хуррам, узви Шурои вилоятии Сарипул эълон карда буд, ки ҷангҷӯёни Толибон ба ду мақарри полис дар минтақаи Масҷиди сабзи шаҳристони Сончорак ва Сузмақалъа дар ин вилоят ҳамла карданд. Ба гуфтаи вай, дасти кам ёздаҳ корманди полис кушта, ҳудуди 20 нафари дигар захмӣ ва шумори дигаре низ асир шуданд.
Асадуллоҳ Хуррам вахомати вазъият дар шаҳристонҳои Сузмақалъа ва Сончорак дар шимоли Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва гуфт, бетаваҷҷуҳии давлат ва набуди таҷҳизоти низомӣ дар ихтиёри низомиёни ин вилоят сабаб шуд то неруҳои полис ин талафотро мутаҳаммил шаванд.
Ин мақоми давлатии Афғонистон дар идома ҳушдор дод, агар давлат ба вилояти Сарипул аҳамият надиҳад на танҳо ин ду шаҳристон суқут мекунад, балки ҳодисаи Мирзоланг такрор хоҳад шуд.
Дар ҳамлаи густурдаи тобистони соли гузашта Толибон ба шаҳристони Мирзоланг дар вилояти Сарипул, даҳҳо неруи амниятӣ ва ғайринизомӣ кушта шуданд ва ин шаҳристон низ суқут кард.