ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи умумии одамоне, ки аз коронавирус шифо меёбанд ба 1500 нафар баробар шудааст, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбари Бозрасии давлатии назорати санитарӣ ва эпидемиологии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков изҳор дошт, ки сатҳи барқароршавӣ аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ 32 дарсадро ташкил медиҳад.
Кӯмаки Чин ба Ӯзбекистон: пизишкони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Тошканд расиданд
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Ӯзбекистон теъдоди маризони коронавирус ба 1095 нафар баробар аст.
Бори нахуст ин маризиро ҷавонзани ӯзбек аснои аз Фаронса озими ватан шудан, интиқол дода буд. Зимнан, вуҷуди ин маризиро дар ячанд аъъзои хнаводаи ҷавонҳан а нафарони боӯ тамос дошта, ошкор намуданд.
Дар Ӯзбекистон сар аз 6 - уми апрел дар сартосари кишвар режими хонашинӣ ҷорӣ намуданд ва он то 10 - уми май идома хоҳад ёфт.