Пас аз ҷорӣ шудани қарантин дар Русия, раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин ба низоми фосилавии корӣ гузашт.
Зимнан, кишвардори Русия дар пасманзари афзоиши теъдоди сироятёфтагони ин маризӣ бо роҳбарони манотиқ ва вазирон пайваста ҷаласаҳои видеоӣ баргузор мекунад.
Аз ҷумла, 15 апрел, Путин бо аъзои ҳукумат дар бораи рушди соҳаи электротехника дар соли 2020 сӯҳбат кард.
Рӯзи 20 апрел бошад, президент бо коршиносон соҳаи тиб ва ҳамагиршиносон мулоқот кард.
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Владимир Путин боз бо паёме ба тамоми шаҳрвандони Русия муроҷиат мекунад.