Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Путин дар бораи коронавирус: хатар хеле зиёд аст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ
Президент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин барои бартараф кардан ва пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус ҷаласа баргузор кард

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар суҳбат бо раҳбарияти минтақаҳои кишвар, вазъи кунунии Русияро дар робита ба коронавирус, арзёбӣ кард.

"Хатари коронавирус то ҳол хеле зиёд аст ва авҷи пандемияи короавирус то ҳол дар кишвар паси сар нашудааст, чӣ дар Маскав ва чӣ дар дигар манотиқи Русия", - гуфт президент.

Таъсири коронавирус ва тасмими бесобиқаи Путин: рӯзи 9 май Режаи Пирӯзӣ баргузор намешавад

Девушка в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Ситод: коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бемории илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст

Владимир Путин қайд кард, ки ҳар як минтақаи Русия бояд ба пандемия омода бошад.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия якбора афзуда ба 28000 расид

Путин дастур дод, ки ҳамаи табобатхонаҳо бо мутахассисон ва ҳамагуна таҷҳизоти лозимӣ барои мубориза бар зидди COVID -19 пурра таъмин карда шавад.

Президент шарҳ дод, ки захира барои мубориза алайҳи коронавирус бояд бошад, ҳатто агар лозим нашавад.

Лентаи хабарҳо
0