ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА чанд дақиқаи пеш нашр шуд шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллиону 002 ҳазору 303 нафар расидааст.
Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико, Испания ва Италия ҳануз дар ҷойи авваланд. Чин, ки маркази пайдоиши ин беморӣ буд, аз рӯйи сироятёбӣ дар зинаи нуҳум қарор гирифт. Эрон дар ҷойи ҳаштум ва Русия дар зинаи 10 қарор дорад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 000 300 нафар), Испания (219 764), Италия (199 414), Олмон (158 154), Британияи Кабир (157 149), Фаронса (128 339), Туркия (112 261) , Эрон (91 472), Русия (87 147) ва Чин (84 338),дохил мешаванд.
Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар ИМА – 100 875, Олмон —106 062, Чин — 77 474 нафар, Испания – 98 732, 103 023 – 58 112, Эрон – 70 933, Италия – 66 624, Фаронса – 45 513, Туркия — 33 791, Швейтсария – 22 300, Бразилия – 30 152 ва Канада – 18 093 нафар мебошанд.
Русия аз Чин пеш гузашт: теъдоди дардмандони коронавирус ба беш аз 80 ҳазор нафар расид
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (56 096), Италия (26 977 нафар), Испания (23 521), Фаронса (23 293), Британияи Кабир (21 092), Эрон (5 806), Чин (4 642), Олмон (6 006), Нидерланд (4 518) ва Белгия (7 207) дохил мешаванд.