Бунёди ДОМ барои кумак ба осебпазирону мубориза бо COVID-19: кормандон қисми маошро доданд

Обуна шудан
Кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маоши якрӯзаи худро ба Бунёди ҳамбастагии пешгирии COVID-19 доданд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ироаи кумак ба хонаводаҳое, ки аз пайомадҳои башарӣ ва иқтисодии COVID-19 ранҷ мебаранд, бунёд таъсис додааст.

Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фавти як нафари дигар дар қарантина: вазорат мегӯяд, бо аҷали худ даргузашт

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин муассисаи таълимӣ, кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маоши якрӯзаи худро ба таври ихтиёрӣ ба ин бунёд эҳдо мекунанд, ки ба хонаводаҳои ниёзманд тавзеъ мешавад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар доираи иқдоми пешгирии COVID-19 дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон  ва Норини Қирғизистон варақаҳои иттилоотӣ тавзеъ дод. Дар он ҷо нишонаҳои ин маризӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он тариқи аксҳо нишон дода шудааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ инчунин барои 500 хонаводае, ки аз ҷониби дафтари шаҳрдории Норин ҳамчун оилаҳои осебпазир шинохта шудаанд, маводи ғизоӣ ва тиббӣ кумак кард.

Илова бар ин, дар доираи раванди коҳиш додани COVID-19 ва таъсиси минтақаи муоина дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин 90 кат омода шудаанд.

Ба хотири тақвияти иқтисоди маҳаллӣ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ лавозими бистари хоб, ки занони рустонишини Норин дӯхтаанд, харидорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0