Баъди Чин: Кореяи Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон табиб ва лавозимоти тиббӣ фиристод

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бо коронавирус ва пешгирии паҳншавии он ба Ӯзбекистон як табиби ботаҷриба ва кумакҳо иборат аз лавозимоти тиббӣ фиристодааст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik.  Бино ба гузориши Sputnik Ӯзбекистон кумакҳои мазкур бо талошҳои сафоратхонаи ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ сурат гирифтааст.

Профилактические меры против распространения коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Бо даъвати Мирзиёев: табибони чинӣ барои мубориза бо коронавирус вориди Ӯзбекистон шуданд

Бо назардошти эҳтиёҷоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон кумаки башардӯстона дар ҳаҷми 34 тонна, ки  1 миллион доллар арзиш дорад ворид гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз он, Вазорати корҳои хориҷии Корея барои хариди 20 ҳазор маҷмӯи системаҳои санҷишӣ барои ташхиси коронавирус 250 ҳазор доллар ҷудо кардааст.

Манбаъ мегӯяд, қисми аввали кумакҳои башардустона иборат аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ тариқи парвози чартерии “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” ворид гашт.

Гуфта мешавад, тариқи ин парвоз Профессори Донишгоҳи Корё, анестезист-реаниматсионист Юун Син Чу ба Вазорати тандурустии Ӯзбекистон таъмини назорати эпидемияро дар асоси талаботи байналмилалӣ кӯмак хоҳад кард.

Вай ҳамчунин дар ҳамоҳангсозии кӯшишҳои вазоратҳои тандурустӣ ва марказҳои пешрафтаи тиббии ду кишвар дар мубориза алайҳи коронавирус ширкат хоҳад кард.

Қаблан ҷониби Чин низ бо даъвати Ӯзбекистон барои мубориза бо коронавирус 15 мушовир ва коршиносони тиб аз шаҳри Нанчан ва ҳамчунин кумаки башардустона иборат аз лавозимоти тиббӣ фиристода буд.

 

Лентаи хабарҳо
0