Бо даъвати Мирзиёев: табибони чинӣ барои мубориза бо коронавирус вориди Ӯзбекистон шуданд

© AFP 2023 / EVARISTO SAПрофилактические меры против распространения коронавируса
Профилактические меры против распространения коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамзамон, Чин дар баробари табибон ба Ӯзбекистон ёрии башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббб ва фиристодааст

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Барои мубориза бо коронавирус 15 мушовир ва коршиносони тиб аз шаҳри Нанчани Чин барои кумак ба Ӯзбекистон омадаанд

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев  - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Мирзиёев барои овардани табибони Чин ба Ӯзбекистон

Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар иттилоъ додааст.

Нанчан маркази маъмурии музофоти Тсзянс буда бо Хубей ки дар он моҳи декабри соли гузашта бемории коронавирус сар зада буд, ҳамсарҳад мебошад.  Тсзянс аз рӯи шумораи беморон дар Хитой дар ҷои аввал меистад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, гурӯҳи табибони Чинӣ аз вирусологҳо, эпидемиологҳо, пулмонологҳо, терапевтҳо, ҷарроҳон ва мутахассисони бемориҳои сироятӣ иборат аст.

Ба иттилои манбаъ,  ҳамчунин ба ин гурӯҳ  духтурони ботаҷриба аз клиникаҳои пешрафта, ки дар Вуҳан ва дигар шаҳрҳои вилояти Хубей кор мекарданд, шомил мебошанд.

Гуфта мешавад ба Ӯзбекистон ҳамзамон ёрии башардӯстона – таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории ворид шудааст.

Қаблан Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дастур дода буд, ки табибони Чинро ба Ӯзбекистон даъват кунанд, то аз онҳо дар бораи боздории роҳҳои паҳншавии коронавирус дар кишвар тавсияҳо бигиранд.

Водитель автомобиля в защитной медицинской маске - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди сироятёфтагони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1380 нафар расид: 129 кас шифо ёфт

Мирзиёев гуфтааст, ки сафари табибон бо хатсайри махсус ташкил карда шуда, барои онҳо тамоми шароити машваратӣ ва кӯмак дар ташкили чорабиниҳои пешгирикунанда дар ҷумҳурӣ муҳайё карда шавад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон нахустин ҳолати мубталои коронавирус 15 март аз як мусофир, ки аз Фаронса  бармегашт дарёфт шуд.

Тибқи оморҳои ахир гирифторони ин беморӣ дар Ӯзбескистон рӯ ба афзоиш дошта, ба 1450 нафар расида, аз ин теъдод 4 нафар фавтида 168 нафари дигар шифо ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, мақомоти Ӯзбекистон сар аз 16 март то 30 апрел тасмим гирифтанд, ки робитаҳои заминиву ҳавоиро бо дигар кишварҳо бинобар хатари паҳншавии коронавирус қатъ кунанд. Ҳамчунин чанд шаҳри ин кишвар дар карантинаи шадид қарор дорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0