Таътили макотиб: на фақат маош, балки иловапулиҳо ҳам дода мешавад

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкСотрудница школы проводит санитарную обработку класса
Сотрудница школы проводит санитарную обработку класса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, омӯзгорони кишвар маоши давраи таътилашонро тибқи қоида ба даст меоранд. Омӯзгорон мегӯянд, аздусар зиён хоҳанд дид

ДУШАНБЕ, 26 апрел – Sputnik. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маоши омӯзгорон тибқи низомномаи тартиби пардохти маош пардохт мешавад.

 “Маошашон чӣ гунае, ки буд, ҳамон тур боқӣ мемонад. Ягон тағйирот ворид намегардад. Омӯзгорон метавонанд аз ин зовия нигаронӣ надошта бошанд”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.

Дар ҳамин ҳол, як омӯзгори мактаби миёнаи шаҳри Душанбе бидуни зикри номаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин таътил ба нафъи омӯзгор нест.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ: макотиб ба таътил, содирот манъ, дари киною театр баста шавад

“Мо фақат маош мегирем. Агар дарс бошад, пардохтҳои дигаре ҳастанд, ки ба мо дода мешаванд. Мо аз онҳо маҳрум мешавем”, - гуфт ӯ.

Тибқи як санад ба номи “Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф”, ки соли 2017 аз сӯи вазорати молия таъйид шудааст ва пардохти маошу иловапулиҳоро ҳангоми таътилҳо вобаста аз тахассус, маълумот ва соати дарсӣ ҳисоб мекунад, музди меҳнати омӯзгорон дар давраи таътили тобистона ва зимистона аз ҳисоби музди меҳнати тибқи тарификатсия муқарраршудаи давраи пеш аз таътил бе иловапулӣ барои тафтиши дафтар, мудири кабинет ва роҳбарии синф пардохт мешавад.

Сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, таътили муваққатие, ки нав эълон шуд, вижагиҳои худро дорад.

Школьница в медицинской маске на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Муваққатӣ, на карантин! Мактабҳои Душанбе таътил шуданд

“Ин таьтил ба таътили тобистона шомил намешавад. Ҳам барои тафтиши дафтар ва ҳам роҳбарии синф омӯзгорон ҳаққи худро мегиранд. Ягон дирам тағийр намеояд”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.

Шанбеи гузашта, 26 апрел, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пандемияи маризии вируси корона ё COVID – 19 эълон кард, ки аз 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан дар муассисаҳои таълимӣ - кӯдакистону боғча, мактабҳо, литсейҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо - таътил эълон карда шавад.

Ҳамзамон рӯзи 26 апрел директорони боғчаву макотиб ва муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбии кишвар бо имзои Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон як барқияи телефонӣ гирифтанд, ки ба ҷуз иттилоъи таътили муваққатӣ дастур дода мешавад, тамоми биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва хобгоҳҳои донишҷӯён зиддиуфунӣ ё дезинфексия шуда, бо маводҳои антисептикӣ таъмин шаванд.

Лентаи хабарҳо
0