Арзиши рублу доллар дар Тоҷикистон: аз ҳама баланд дар "Эсхата"

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкОтделение банка. Архивное фото
Отделение банка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард. Мувофиқи он, 1 рубли русӣ то 0,1365 сомонӣ арзиш дорад

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон имрӯз аз 0.1365 то 0.1380 сомониро ташкил медиҳад, эълом кардааст Бонки миллии Тоҷикистон.

Банкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши асъор: Бонки миллӣ қурби рублро каме пасттар эълон кард

БМТ афзудааст, ки дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА 10.2500 сомонӣ муқаррар шуда, 1 евро 11.2000 сомонӣ арзиш дорад.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.

Қурби рубл аз ҳама баланд дар “Бонки Эсхата” нишон дода шуда, хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1405 то 0.1465 ва дар Алиф Бонк бошад 1 рубл аз 0,1390 то 0,1405 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, аввали моҳи март, дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оварда расонид.

Қабл аз он дар Тоҷикистон қурби 1000 рубл то 155 сомониро ташкил медод.

Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рубл ба таври рекордӣ дубора ҷояшро мегирад: 152 сомонӣ шудааст

Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи болоравии қурби доллару коҳиши нархи рубл дар кишвар изҳор дошта буд, ки он ба мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, зуҳури пандемияи коронавирус ва коҳиши нархи нафт рабт дорад.

“Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад”, - илова намуд Бонки миллӣ. Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0