Мақомоти андоз: қарзи Алимардоновҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 1,5 миллион сомонӣ нест

© Sputnik / Амир ИсаевМуродали Алимардон. Архивное фото
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ эълон намудааст, ки қарзи се ширкати мансуб ба оилаи Алимардоновҳо дар назди Нозироти андози ин ноҳияи ҳамагӣ 237 ҳазору 320 сомонӣ ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раҷаббек Саидов, мудири бахши баҳисобгирии даромадҳои нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ширкати “Баракати Ҷомӣ”, ширкати “Хоҷагии зотпарварии чорводории баракати Ҷомӣ” ва ширкати  “ККП баракати Ҷомӣ”, ки ба Алимардоновҳо тааллуқ доранд, то 13-уми феврали соли 2020 дар маҷмӯъ ҳамагӣ аз андоз 237 ҳазору 320 сомонӣ қарздоранд.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Аз Алимардон то раиси "Сомонӣ – А": кистанд 13 нафаре, ки “Роғун”-ро назорат мекунанд?

Ба гуфтаи вай, ширкатин “Баракати Ҷомӣ” аз андоз 50 ҳазору 477 ҳазор, “Хоҷагии зотпарварии чорводории баракати Ҷомӣ” 88 ҳазору 389 сомонӣ ва “ККП баракати Ҷомӣ” 98 ҳазору 444 сомонӣ қарздор мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Саид Ёқубзода, раиси ноҳияи А. Ҷомӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Алимардоновҳо аз андоз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳаққи истифодаи об 240 ҳазор сомонӣ қарзд мебошанд.

Ба қавли Ёқубзода, ҳарчанд ширкати “Баракати Ҷомӣ” тибқи як қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ таъсис дода шудааст, вале иловатан ба зотпарварӣ низ машғул аст.

“Масоҳати заминҳояш кам не, 1 ҳазору 200 гектар будааст. “Соли гузашта мо нақшаи андозҳоро ба таври комил иҷро карда натавонистем, ки яке аз сабабҳояш пардохт накардани андозҳо аз ҷониби ин ширкат аст”,- зикр карда буд раиси ноҳия.

Ҳамин тавр мақомоти нозироти андози ноҳияи Абдуаҳмони Ҷомӣ суханони раиси ин ноҳияро рад кард.

Лентаи хабарҳо
0