Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазорати тандурустӣ омори гирифторӣ ба пневмонияро дар семоҳаи аввали соли 2020 гуфт

© Министерство здравоохранения РТМинистерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото
Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба шарҳи вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар ва чораҳои баҳри пешгирии паҳншавию сирояти коронавирус андешидашуда посух дод

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эътилоф ҷавобияи Вазорати тандурустиро бо имзои муовини вазир Мирҳомуддин Камолзода нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад  вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон нисбатан ором аст.

Медицинский работник делает тест на вирус - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ гуфт, тестҳои коронавирусро аз куҷо гирифту чигуна ташхис мегузаронад

Тибқи иттилои Камолзода, агар дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 5792 ҳолати бемории пневмония ба қайд гирифта шуда бошад, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 5013 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли ҷорӣ бемории сил 1137 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати семоҳаи аввали соли гузашта (1218 ҳолат) кам аст. Имсол 15 ҳолати бемории домана ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷавобияи Вазорати тандурустӣ маълумот оид ба фавт дар натиҷаи беморӣ оварда нашудааст, вале зикр мегардад, ки вазорат дар масоили пешгирии сирояти короновирусии COVID-19 омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамеша барои фаъолиятҳои муштарак боз аст.

Супориши Олимзода ба масъулин барои ташхис ва табобати фаврии беморони илтиҳоби шуш

Муовини вазири тандурусстӣ зикр намудааст, ки ба Тоҷикистон 46 900 тест, аз ҷумла 23 ҳазор аз Русия, 22 ҳазор аз Чин ва 1900 тест аз Олмон ворид шудааст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ҳамаи ин тестҳо мутобиқи талаботи ТУТ озмуда шудаву дорои сертификати сифат мебошанд.

Пеш аз ҳама шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки дар онҳо аломатҳои бемории пневмония аён аст. Дар ин ҳолат инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам низ ба инобат гирифта мешавад.

Женщина на больничной койке в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ: 4 кас аз илтиҳоби шуш фавтид, вазъи чанд нафари дигар вахим аст

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҳамаи тестҳое, ки дар шаҳрвандон гузаронида шудаанд, натиҷаи манфӣ додаанд. Вақте сарҳадҳо боз буданд, қисме аз тестҳо барои санҷиши такрорӣ ба Маскав, Новосибирск ва Лондон фиристода шудаву ҳамаи онҳо низ натиҷаи манфӣ додаанд.

Баъди он, ки сарҳадҳо баста шуданд ва парвозҳо миёни давлатҳо муваққатан қатъ гардид, санҷиш танҳо дар озмоишгоҳи Вазорати тандурустӣ гузаронида мешавад, ки ба талаботи ТУТ пурра мутобиқ аст.

Вазорати тандурустӣ зикр менамояд, ки чунин озмоишгоҳ дар Тоҷикистон танҳо як адад аст ва бинобар ҳамин, тестҳо аз тамоми минтақаҳо низ ба инҷо фиристода мешаванд.

Дар посухи Вазорати тандурустӣ дар бораи шумораи кормандоне, ки курсҳои махсус оид ба пешгирии сирояти коронавирусии COVID-19-ро гузаштаанд, оид ба чораҳои пешгирӣ миёни аҳолӣ ва ғайра арқом оварда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0