Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Истаравшан" ҷони 8 нафарро рабуд

© Фото : PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари бархурди ду нақлиёти сабукрав, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Истаравшан, ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бино ба гуфти шоҳидон, ин ҳодисаи мудҳиш зуҳри имрӯз дар пайи бархурди “Mersedes - Benz” бо “Opel-Vectra” рух додааст, ки дар натиҷа ҳашт нафар ба ҳисоби ду сокини канори шоҳроҳ ба ҳалокат расидаанд.

ДТП 17 марта на участке трассы Душанбе - Худжанд в Шахристанском районе - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи садамае, ки 6 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт: Иброҳимов аз уҳдаи идора набаромадаст

Тавре Бахтиёр Рамазонов, сокини ноҳияи Деваштич, ки шоҳиди ин ҳодиса будааст, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз бархурди шадиди мошинҳо, “Mersedes - Benz” пора - пора гашта, боиси ба ҳалокат расидани ҳашт нафар шудааст. 

Рухдоди ин ҳодисаи нақлиётиро, як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ тасдиқ кард.

“Ин садамаи нақлиётӣ дар 245 -ум киломтр, дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Деваштич, воқеъ дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшан рух додааст. Санҷишҳои муқаддаматӣ маълум намуданд, аз ҳисоби холӣ шудани ҳавои дохили балони пеш, мошини “Mersedes - Benz” , ки аз Истаравшан ба самти Хуҷанд равон буд, ба самти муқобили роҳ баромада, бо суръати баланд ба “Opel-Vectra”, ки аз Хуҷанд сӯи Истаравшан ҳаракат мекард, сахт бармехурд, ки дар натиҷа ҳашт нафар, ба ҳалокат расидаанд”,- гуфт як манбаъ аз БДА ба Sputnik Тоҷикистон.

Садамаи маргбор дар Панҷакент: писари 12 сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ба ҷои ҳодиса кормандони ёрии таъҷилӣ ҳозир шудаанд.

Ба гуфтаи монобеъ, дар қатори ҳалокшудагон як корманди низомипӯш ҳам будааст, ки эҳтимол корманди комиссарияти шаҳри Гулистон гуфта мешавад.

Аз мақомоти БДА гуфтанд, тафтишот дар ҷои ҳодиса ҷараён дорад ва онҳо шахсияти фавтидаҳоро маълум мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0