Шарҳи садамае, ки 6 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт: Иброҳимов аз уҳдаи идора набаромадаст

© КЧС ТаджикистанаДТП 17 марта на участке трассы Душанбе - Худжанд в Шахристанском районе
ДТП 17 марта на участке трассы Душанбе - Худжанд в Шахристанском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе – Хуҷанд хабар дод, ки 6 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садамаи пурқурбонӣ 17-уми марти соли 2020, тахминан соати 16:20 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон рух дод.

Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурмоҷаро дар ноҳияи Кушониён як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Зафира”, Иброҳимов Маҳмадризо, сокини 46-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “ДАФ”, таҳти идораи ронанда, Бозоров Меҳрубон, сокини 36-солаи шаҳри Бохтар, бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.

Дар пайи бархӯрд ронанда ва мусофирон - Раҳимов Икромҷон, сокини 42-солаи шаҳри Исфара, Саъдуллоева Гулсиной, сокини 44-cолаи ноҳияи Ҷ.Расулов, Файзов Маҳмадсаид, сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдат, Иргашов Абдуғаффор, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов, Назаров Фаррух, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои ВУД, мусофирони дигари “Опел Зафира” - Мирхӯҷаев Шерозхӯҷа Шодмонхӯҷаевич, сокини 20-солаи шаҳри Хуҷанд ва ноболиғ Каримзоди Фарзодбек, сокини 10-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона, бистарӣ гардидаанд.

ВУД таъкид кардаст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0