Эрон эълон кард дар кишвар наздик ба 65 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфт

© Sputnik / Anton Bystrov / Гузариш ба медиабонкЖители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, токунун 64 ҳазору 843 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон гуфт дар 24 соати ахир 1300 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории  “Парстудей”.

Дезинфекция Павелецкого и Ярославского вокзала в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Эрон: наздик ба 60 ҳазор нафар аз коронавирус беҳбуд ёфт

Вай афзуд, токунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 87 ҳазору 26 нафар дар Эрон ба коронавриус мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин гуфт, мутаасифона дар 24 соати ахир фавти 90 нафар ба қайд гирифта шуд.

Шумори умумии ҷонбохтагон аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 481 нафар расидааст.  

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 185 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 727 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0