ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт дар ин кишвар дар 24 соати ахир 1294 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Вай афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 83 ҳазору 505 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин таъқид дошт, ки дар 24 соати ахир 91 нафари дигар аз ин вирус ба ҳалокат расидааст.
“Дар ҳоли ҳозир, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 209 нафар расидааст”, - таъкид дошт Ҷаҳонпур.
Ҳамзамон вай зикр кард, ки шумори нафароне, ки ба короновирус дар ҷаҳон гирифтор шудаанд ҳудуди 2 миллиону 500 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 165 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 633 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.