Бонки миллӣ ба “Суғуртаи асри 21” иҷозатнома дод

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон эълон намуданд, ки ба ташкилоти “Суғуртаи асри 21” барои фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон то соли 2023 иҷозатнома дода шудааст

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, санаи 23 апрели соли равон Раёсати Бонк қарор дар бораи додани иҷозатномаро ба имзо расонд.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ бо як қарор фаъолияти низоми пардохтии BLIZKO-ро қатъ кард

Тибқи иттилои манбаъ, иҷозатнома дар асоси банди 1 моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, банди 1 боби 10 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба тасвиб расидааст.

Масъулини Бонки миллӣ таъкид кардаанд, ки тибқи қарори мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба ҶДММ “Суғуртаи асри 21” барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 16-уми феврали соли 2023 иҷозатнома дода шуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои ҶДММ “Суғуртаи асри 21” аз санаи 18 сентябри соли 2017 ва 16 феврали соли 2018, аз эътибор соқит дониста шуд.

Раёсати Бонк Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор кардааст, ки дар феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Лентаи хабарҳо
0