ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Қирғизистон ба баландтарин нуқтаи авҷи маризии COVID - 19 расид, изҳор дошт муовини вазири тандурустӣ Нурбулот Усенбоев.
Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ, дар Қирғизистон алъон 631 нафар гирифторони коронавирус мебошанд, ки аз онҳо 162 нафар кормандони соҳаи тиб ва 12 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Ҳамчунин бар асари ин беморӣ 8 мариз ба ҳалокат расидаанд.
Эрон: наздик ба 60 ҳазор нафар аз коронавирус беҳбуд ёфт
Тибқи маълумоти пешакӣ, тақрибан 9 ҳазор нафар бо сироятшуда тамос гирифтанд. Аз ин миён 302 нафар аллакай шифо ёфтанд, ки 45 нафари онҳоро кормандони тиб ташкил додаанд.
Дар робита ба сар задани ин беморӣ дар ҷумҳурӣ реҷаи изтирорӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахт, вазъияти фавқулодда мавҷуд аст.