Ҳайати коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ва Туркманистон меоянд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЭмблема Всемирной организации здравоохранения
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ният дорад, ки ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон ва Туркманистон боздид кунад

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.  Дар ин бора директори Дафтари Минтақавии СУТ дар Аврупо Ханс Клуге зимни як брифинг дар Копенгаген иттилоъ додааст.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои аз коронавирус озод дохил шуд

Гуфта мешавад гурӯҳи коршиносон тайи чанд рӯз дар Тоҷикистон монда, аз якчанд шаҳрҳо, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти муҳими кишвар дидан хоҳанд кард. Ин гуруҳи мушовирон алакай тайи моҳи ҷорӣ аз Беларусия дидан карда буданд.

Ҳайати коршиносони пас аз боздиди аз кишвар  вазъи эпидемиологиро баррасӣ карда барои такмил додани чораҳои муҳофизат аз паҳншавии коронавирус машваратҳо хоҳанд дод.

Ҳамчунин пас аз поёни боздид барои мубодилаи арзёбии вазъи минтақа брифинги кушода баргузор хоҳанд кард.

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ин ду кишварро дар қатори 11 давлати дигар ба рӯйхати давлатҳо шомил кардааст,  бо нуқтаҳои сафед  дар харитаи нишон дода шудаанд, ки дар онҳо коронавиру сабт нагаштааст.

 Тибқи иттилоияҳои расмии мақомоти Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳудуди ин кишварҳо ягон ҳодисаи мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Сотрудник здравоохранения в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт расман набуди коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

Аммо ба гуфти манбаъ ба маълумотҳои мақомоти ин ду кишвар бо шубҳа менигаранд, ки шояд маълумотҳо пинҳон карда шаванд.

Ҳодисаҳои сироятёбӣ ба COVID-19 дар се давлати Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ошкор шуда, ҳоло дар ҳоли афзоиш мебошанд.

Галина Перфилева, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон зимни як баромади расмӣ дар шабакаи телевизион ва ҳамчунин ахиран дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчуни Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ахиран зимни табриоти рамазонияш изҳор дошт, ки дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нагаштааст.

Мақомоти Туркманистон низ расман эълон кард ки дар ин кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус қайд нагаштааст.

Лентаи хабарҳо
0