ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Галина Перфилева тасдиқ намуд, ки маризии коронавирус дар ин давлат комилан ба қайд гирифта нашудааст.
Номбурда дар баробари тасдиқ кардани набуди коронавирус дар Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз баргузорӣ ва ҳузур дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.
"То ба имрӯз, тибқи омори расмӣ ва маълумоти СҶБ, ки бо ташхисгоҳи асосии ин маризӣ дар ҳамкории зич қарор дорем, расман тасдиқ мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳоло ягона нишонаи ин маризӣ ба қайд гирифта нашудааст", - афзудааст Галина Перфилева.
Чин барои пешгирӣ аз коронавирус ба Тоҷикистон кӯмак ирсол намуд
Ба изҳори Галина, алъон тамоми дунё бо ин маризии даҳшатбор дар мубориза қарор дорад ва кам андар кам давлатҳое мондаанд, ки ин беморӣ ба он ҷо нарасидааст.
Галина мегӯяд, Тоҷикистон ва Туркманистон ягона кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки аз ин маризӣ орӣ ҳастанд.
Зимнан, намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳудуди 700 ташхиси коронавирусро дар Тоҷикистон гузаронданд, ки натоиҷи ҳамаи ташхисҳо манфӣ баромад.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ низ иттилоъ дод, ки то санаи 1 - уми апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.