Ҷарима барои дуди барзиёди мошинҳо дар Суғд: ҳаворо ифлос кардаанд

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкСмог в городе, архивное фото
Смог в городе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷараёни баргузории як амалиёти экологӣ дар шаҳри Бӯстон собит намудааст, ки ихроҷи барзиёди дуди шуморе аз воситаҳои нақлиёт боиси олудагии ҳавои атмосферӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Абдуқаюм Қаюмов, сардори шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосферӣ дар Раёсати экологияи Суғд гуфт, то замоне, ки нисбати ронандаҳо ва соҳибони нақлиёт ҷарима таъин карда шавад, раванди кори нозирони экологӣ ва милитсияи соҳавӣ муайян намудааст, ки чи гуна ихроҷи дуди барзиёди воситаҳои нақлиёт ҳавои атмосфераро ифлос мекунанд.

То 116 сомонӣ ҷарима: ҳушдори мақомот ба намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа

Қаюмов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон афзуд, зимни баргузории амалиёти "Ҳавои тоза" дар шаҳри Бӯстон, 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои олудакунандаи онҳо ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян шудааст.

"Аз ин лиҳоз нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба мақомоти БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид", - зикр намуд, Қаюмов.

Сардори шӯъбаи ҳифзи ҳавои атмосферӣ мегуяд, чунин амалиётҳои муштараки санҷиши ихроҷи дуди мошинҳо як бахши фаъолияти кори онҳо буда, тибқи нақшаи корӣ қарор аст, то давраи нимсола қариб ҳар моҳ дар як шаҳру ноҳияи вилоят гузаронида шавад.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Радди ҷазои ронанда барои нафаромадан аз мошин: Раҳимзода гуфт, ҷаримаҳоро кам намекунанд
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар ҳоли маълум намудани ихроҷи дуди аз меъёр зиёди воситаи нақлиёт нисбати ронанда ва ё соҳиби он ҷарима тадбиқ карда мешавад. Ҳаҷми ҷарима аз ин ҳисоб, аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо буда, 58 – 174 сомониро дарбар мегирад.

Аммо ба гуфтаи Қаюмов, пардохти ҷарима роҳи ҳалли кор набуда, зимни санҷиш сабабҳои зиёд хориҷ шудани дуди мошинро маълум намуда, барои бартараф намудани нуқси техникӣ онҳо соҳиби нақлиётро муваззаф менамоянд.

Масъулони Раёсати экологияи дар Суғд, соли 2019 дар пайи баргузории 15 амалиёти "Ҳавои тоза" дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бӯстон ихроҷи партови бештар аз 640 воситаи нақлиётро санҷиш карда, нисбати 54 ронандаҳо ба далели ифлоскунӣ ҳавои атмосферӣ аз ҳисоби ихроҷи дуди барзиёд санадҳои ҷаримавӣ тадбиқ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0